Дилшод Назаров ба мусобиқоти асосии соли равон омодагӣ мегирад

Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон ширкат хоҳад кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, ин мусобиқа, ки рӯзи шанбеи 17-уми май дар шаҳри Халлери Олмон шурӯъ мешавад, барояшдар мавсими имсола аввалин аст. Дилшод Назаров гуфтааст: «Ин мусобиқаи хеле пурнуфуз аст, ки дар он на […]

ASIA-Plus



Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон ширкат хоҳад кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, ин мусобиқа, ки рӯзи шанбеи 17-уми май дар шаҳри Халлери Олмон шурӯъ мешавад, барояшдар мавсими имсола аввалин аст. Дилшод Назаров гуфтааст: «Ин мусобиқаи хеле пурнуфуз аст, ки дар он на танҳо зӯртарин гурзандозҳо, инчунин, варзишгарон дар навъҳои дигар, ба монанди партоби найза, партоби вазна ва партоби диск қувваозмоӣ мекунанд. Баъдан мусобиқа аз силсилаи Ҷоми даъвати ҷаҳонии варзиши сабук шурӯъ мешавад. 2-юми июн чунин мусобиқа дар шаҳри Бидгоши Лаҳистон барпо мегардад. Вале барои ман имсол ду мусобиқаи бузургтарин – яке Ҷоми ҷаҳонии варзиши сабук аст, ки моҳи сентябр доир мешавад ва дигаре Бозиҳои XVII осиёист, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад».

Дилшод Назарови 32-сола аз хушномтарин ситораҳои варзиши тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона – соли  2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон – ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 31 сантиметр мебошад.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари соли 2013 эълон кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.