Тӯраҷонзода: Ҷанг дар Сурия ҷиҳод нест

– Сабаби асосии дар ҷанг муқобили ҳукумати Башор Асад дар Сурия иштирок кардани шаҳрвандони кишварҳои дигари исломӣ дар он аст, ки онҳо аз асосҳои ислом бехабаранд, шахсони гумроҳанд, ки барояшон қонунҳои шариат ва ҷиҳодро нодуруст шарҳу тавзеҳ додаанд», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» рӯҳонии маъруф ва сиёсатмадори тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода. «Дар воқеияти […]

Аваз Юлдошев



– Сабаби асосии дар ҷанг муқобили ҳукумати Башор Асад дар Сурия иштирок кардани шаҳрвандони кишварҳои дигари исломӣ дар он аст, ки онҳо аз асосҳои ислом бехабаранд, шахсони гумроҳанд, ки барояшон қонунҳои шариат ва ҷиҳодро нодуруст шарҳу тавзеҳ додаанд», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» рӯҳонии маъруф ва сиёсатмадори тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

«Дар воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон мафҳуми «ҷиҳод» бо ҷанг ҳамбаста буда, аз ин рӯ, бисёре аз рӯҳониён ба шарҳи ҳақиқат дар бораи ҷиҳод меҳаросанд. Дар асл ҷиҳод кӯшиши ҳимояи ватан аз душманони беруна, дифоъ аз мазхабу оилаи худ, талоши таъмини рӯзгор ва босавод тарбия кардани фарзандон аст», – гуфт Тӯраҷонзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар Сурия, ки беш аз 40 сол оилаи Асадҳо дар он ҳукмронанд, ҳеҷ гуна маҳдудиятҳои динӣ ҷой надорад ва задухӯрдҳои мусаллаҳона бар асари мухолифатҳои сиёсӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

«Ҳукумати Сурия аслан аз алавиҳои шиъа иборат аст, вале онҳо ҳеҷ гоҳ муқобили сунниҳо маҳдудият ҷорӣ накардаанд. Беш аз 50%-и адабиёти исломии дар ҷаҳон нашршуда маҳз дар Сурия ба чоп мерасад ва ҷанг алайҳи ҳукумати Асадро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон ҷиҳод номид», – таъкид дошт рӯҳонӣ.

Ӯ зикр кард, ки усулҳои ҷиҳод чунин аст, ки агар як кишвари ғайримусулмонӣ ба давлати мусулмонӣ ҳамла кунаду мусулмонони ин кишвар тавони муқовимат ба ғосиб надошта бошанд, пас дар ин ҳолат мусулмонони дигар кишвар метавонанд дар ин ҷанг иштирок кунанд, вале дар Сурия ҳолати дигар ба мушоҳида мерасад.

«Баъзе кишварҳо аз он норозианд, ки Эрон тариқи Сурия ташкилоти «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнонро дастгирӣ мекунад, ки чун устухон дар гулӯ ба Исроил халал мерасонад ва ҷанги имрӯза дар Сурияро роҳандозӣ намуданд. Таври маълум, «Ҳизбуллоҳ» ният дорад, ки ба кӯшишҳои ҳукмронии Исроил дар Шарқи Наздик хотима гузорад ва дар ин самт аллакай ба натиҷаҳое низ ноил гардидааст. Бо ҳамин сабаб беш аз 15 ҳазор ҳомиёни сулҳи СММ имрӯз дар марзи Исроил ва Лубнон мутамарказанд», – зикр кард сиёсатмадор.

Ба андешаи Тӯраҷонзода, маъмулан танҳо идеологҳои миллӣ ва динӣ мардумро ба мубориза раҳнамун карда метавонанд, вале нерӯҳое, ки ҷангро дар Сурия тариқи истифодаи одамони раҳгумзада роҳандозӣ намуданд, барои ин ҷанг миллиардҳо доллар хароҷот мекунанд.

«Ғарб ва Арабистони Саудӣ дар таърихи худ барои дастгирии нерӯҳои мухолифи ҳама гуна кишвари дунё ин қадар хароҷот накардаанд, ки имрӯз муқобили ҳукумати Башор Асад масраф месозанд. Имрӯз дар қаламрави Аморати Муттаҳидаи Араб якчанд шабакаҳои телевизионӣ, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ низ барномаҳо пахш намуда, мардумро барои ҷиҳод ба Сурия даъват мекунанд. Дар кишвари мо воизони бомаърифат минбар надоранд, то ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон зараровар ва нодуруст будани ин даъватҳоро фаҳмонанд», – афзуд Тӯраҷонзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.