Ҷашни 100-солагии сарбози гумшуда Зайниддин Осимӣ дар Виборг

Дар ноҳияи Виборги шаҳри Санкт-Петербург 100-солагии сарбози Артиши Сурх Зайниддин Осимиро, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шуда буд, ҷашн гирифтанд. Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2013 дар назди Санкт-Петербург баъди гузашти қариб 70 сол қабри сарбози тоҷик Зайниддин Осимӣ дарёфт шуд. Зайниддин Осимӣ бародари калонии академик Муҳаммад Осимӣ, муассиси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад. […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Дар ноҳияи Виборги шаҳри Санкт-Петербург 100-солагии сарбози Артиши Сурх Зайниддин Осимиро, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шуда буд, ҷашн гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2013 дар назди Санкт-Петербург баъди гузашти қариб 70 сол қабри сарбози тоҷик Зайниддин Осимӣ дарёфт шуд. Зайниддин Осимӣ бародари калонии академик Муҳаммад Осимӣ, муассиси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад. Бародарон Зайниддин ва Баҳриддин Осимӣ дар як полк хизмат карда, Зайниддин дар назди шаҳри Ленинград ҳалок мешавад. Баҳриддин ҷасади ӯро ба хок меспуорад, вале танҳо дар хотир дошт, ки ӯро дар ноҳияи Виборги вилояти Ленинград гӯр кардааст ва ҷойи қабрро аз хотир фармӯш карда буд.

Хешону наздикони Осимӣ зикр карданд, ки ҷамъомад ба ифтихори 100-солагии Зайниддин Осимӣ рӯзи 14-уми май дар ноҳияи Виборг баргузор шудааст. Дар он намояндагони оилаи Осимӣ аз Маскав, Санкт-Петербург, Тоҷикистон ва Белорус иштирок кардаанд. Ҳамчунин толибилмони мактаби маҳаллӣ низ ҳузур доштаанд. Мушарраф Осимӣ, духтари Зайниддин Осимӣ бори нахуст оромгоҳи падарашро зиёрат кардааст. Падараш ҳанӯз то таваллуди ӯ ҳалок шуда буд. Айни замон Мушарраф Осимӣ дар Маскав ба ҳайси саратоншинос-гинеколог кор мекунад.

Дар гузориши видеоии гурӯҳи расонахои

«Наш город»

зикр мегардад, ки оилаи Осимӣ ба ҳукуматдорони ноҳия барои поси хотир доштани Зайниддин Осимӣ миннатдорӣ изҳор намуданд. Ҳамчунин ба оилаи Бочковҳо низ, ки тӯли ин солҳо қабрро нигоҳубин мекунанд, низ арзи сипос карда шуд.

Зайниддин Осимӣ олим буда, солҳои қабл аз ҷанг омӯзгорӣ мекард. Ҳамчунин ба тарҷумаи китобҳои фанни химия ба збони тоҷикӣ машғул буд. Дар ҷойи ҳалокати ӯ бародараш яке аз китобҳои ӯро меёбад, ки пурра бо тирҳо сӯрох шуда буд. Айни замон ин китоб дар осорхонаи яке аз мактабҳои олии Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар ҷабҳаҳои набарди ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 290 ҳазор сарбозону афсарони тоҷик корнамоиҳо нишон дода, 90 ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Дар ҶБВ 49 нафар тоҷикистониён ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 14 нафар бо маҷмӯи пурраи се дараҷаи ордени Шараф ва зиёда аз 55 ҳазор нафарашон бо мукофотҳои гуногуни ҷангӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.