Раиси Ассамблеяи миллӣ (палатаи поёнии парлумон)-и Покистон Сардор Аёз Содиқ рӯзи 26-уми май бо сафари расмии дурӯза ба Душанбе ташриф меорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни сафари раиси палатаи поёнии парлумони Покистон дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлдиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров, котиби Шӯрои амнияти ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров, раиси КДАМ ҶТ Саймӯмин Ятимов ва вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонзода дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар дидору гуфтушунидҳои зикршуда ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо ва ҳамчунин масоили таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни сафар Сардор Аёз Содиқ аз нерӯгоҳи обӣ-барқии «Норак» низ боздид мекунад.



