Кумаки шаҳрдории Душанбе баҳри дастгирии марзбонон

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ифтихори 20-умин солгарди таъсисёбии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки баҳри дастгирии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и ҷумҳурӣ 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намояд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, раиси шаҳр ба муовинон ва раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки ба тамоми қисмҳои низомии […]



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ифтихори 20-умин солгарди таъсисёбии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки баҳри дастгирии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и ҷумҳурӣ 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намояд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, раиси шаҳр ба муовинон ва раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки ба тамоми қисмҳои низомии воқеъ дар қаламрави шаҳри Душанбе рафта, дар чорабиниҳои тантанавӣ ширкат варзанд.

«Ғайр аз ин, дар рӯзи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди таъсисёбии нерӯҳои марзбонии кишвар мақомоти шаҳрдории пойтахт дар 7 қисми низомӣ барои сарбозону афсарон дастурхони идона ороста, дар иҷрои сарояндагони эстрадаи тоҷик барномахои консертӣ пешкаш мекунад», – гуфт манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.