Ҳ.Зарифӣ: Мо Русияро ба консорсиуми сохтмони НОБ-и «Роғун» давъат мекунем

  Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи як нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ муносиботи Тоҷикистону Русияро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ифтитоҳи консулгарӣ дар шаҳри Екатеринбург шаҳодати ин гуфтаҳоянд. Вазир иброз дошт, ки дар муносиботи иқтисодӣ низ Русия дар мақоми аввал аст – дар нимсолаи аввал муомилоти мол […]

Баҳром Маннонов




 



Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи як нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ муносиботи Тоҷикистону Русияро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ифтитоҳи консулгарӣ дар шаҳри Екатеринбург шаҳодати ин гуфтаҳоянд.



Вазир иброз дошт, ки дар муносиботи иқтисодӣ низ Русия дар мақоми аввал аст – дар нимсолаи аввал муомилоти мол миёни Русияву Тоҷикистон беш аз $554 миллионро ташкил додааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 39,4 дарсад зиёдтар аст. «Албатта, сафари расмии қарибулвуқӯъи президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ба рушду тависаи ин муносибот такони ҷиддие хоҳад бахшид», – гуфт ӯ. – Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир сохтани ин боздид омодагии ҷиддӣ мегирад ва аллакай 7 санадҳои созишномавӣ таҳия гаштаанду шояд шумораи он то шурӯъи сафар бештар гардад».



Ҳ.Зарифӣ ҳамзамон баён дошт, ки зимни боздид баррасии мавзӯи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика дар назар аст, вале қарор нест, ки мавзӯи иштироки Русия дар лоиҳаи НОБ-и «Роғун ба таври алоҳида дар он муҳокима гардад. «Ба ҳар ҳол, м


о Русияро ба консорсиуми сохтмони НОБ-и «Роғун» давъат мекунем», – гуфт ӯ.



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон оид ба масъалаи гӯё мувофиқат ҳосил кардани кишвараш бобати ба ихтиёри Русия вогузор намудани 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳ чунин ибрози назар кард, ки Тоҷикистон на шифоҳиву на хаттӣ аз ин хусус ҳарфе нагуфтааст. «Чунин масоил бояд зимни гуфтушунидҳо ҳал шаванд», – гуфт ӯ дар анҷом ва афзуд, ки қарорҳои мазкур бояд шаффофу ошкоро ба тасвиб бирасанду ҷавобгӯи манфиатҳои Тоҷикистон бошанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.