Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Президенти Тоҷикистон бо сафари серӯзаи давлатӣ ба Баҳрайн меравад;

– Нимаи аввали рӯз ба ифтихори 20-солагии таъсиси нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт маҷлиси ботантана ва консерти устодони ҳунари Тоҷикистон баргузор мешавад;

– Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои иштирокчии амалиёти СААД «Канал – Южный капкан» доир мегардад;

– Дар доираи Рузҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон соати 15-00 дар Консерваторияи миллии ба номи Талабшо Сатторов вохӯрии эҷодӣ ва машғулиятҳои ҳунарии мусиқачиён баргузор шуда, соати 18-00 дар толори Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский аз ҷониби донишҷӯёни факултаи актёрии Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография (ВГИК) аз рӯи асари А.Островский спектакли «Лес» (Ҷангал) намоиш дода мешавад;

– Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» конфронси илмӣ-амалӣ барпо мегардад;

– Варзишгардухтари шинохтаи тоҷик Мавзуна Чориева дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба бокс, ки аз 27-уми май то 2-юми июн дар шаҳри Ӯши Қирғизистон доир мегардад, иштирок мекунад.



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9065

сомонӣ;


1

евро –

6.9353

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.14


47

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1921

– Эълони истиқлолияти давлатии Афғонистон.


2001

— Дар асоси платформаи Теҳрони Ҳизби демократи ҶТ дар кишвар ҳизби «Тараққиёт» таъсис дода шуд.


2003

— Дар Исфара нахустин Анҷуман-ҷашнвораи байнулмилалии мусиқии классикии «Шашмақом» баргузор шуд.


2008

— Дар Кӯлоб амалиёти боздошти гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддири Суҳроб Лангариев доир гардид.


2009

— Дар Душанбе омӯзишгоҳи САҲА оид ба идоракунии марзҳо ифтитоҳ гардид.


2010

— Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» нахустин парвоз тариқи хатсайри Душанбе-Киев-Душанберо анҷом дод.


1926

– Зодрӯзи журналист Бекназар Аҳмадов.


1942

– Мавлуди оҳангсоз Зокир Нишонов.


1945

– Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Бурҳон Муҳаммадқулов.


1949

– Мавлуди Арбоби шоистаи Тоҷикистон Ғуфронҷон Раҳимбоев.


1950

– Зодрӯзи овозхон Душанбе Паллаев.


1954

– Мавлуди нависанда Марина Некрасова.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +19+24.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +5+10, рӯзона +23+28;  дар шарқи вилоят шабона -2+3, рӯзона +13+15.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +25+27.

spot_imgspot_img

Популярное