Интиқоли шабонарӯзии барқ ба Афғонистон дар ҳаҷми 4 млн. кВт/соат

Тоҷикистон ба Афғонистон дар як шабонарӯз дар ҳаҷми 4 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медиҳад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, баҳори соли равон дар бораи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2014 тавофуқ ҳосил шуда буд. «Содироти барқ аввали моҳи май шурӯъ шуд, то моҳи сентябри соли ҷорӣ […]



Тоҷикистон ба Афғонистон дар як шабонарӯз дар ҳаҷми 4 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медиҳад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, баҳори соли равон дар бораи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2014 тавофуқ ҳосил шуда буд.

«Содироти барқ аввали моҳи май шурӯъ шуд, то моҳи сентябри соли ҷорӣ идома меёбад. Нархи фурӯши 1 кВт/соат нерӯи барқ ба Афғонистон 3,5 сентро ташкил медиҳад. Тибқи созишнома миёни Афғонистону Тоҷикистон, кишвари мо ба Афғонистон танҳо дар мавсими тобистон нерӯи барқ интиқол медиҳад, зеро дар мавсими тирамоҳу зимистон дар худи Тоҷикистон камбуди барқ ба мушоҳида мерасад», – гуфтанд дар ширкат.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, айни замон ҳаҷми шабонарӯзии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 45 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ба ҷуз Афғонистон, Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон низ нерӯи барқ интиқол медиҳад. Рӯзи 14-уми майи соли равон миёни ҶСК «Электрические станции» (Истгоҳҳои барқӣ)-и Қирғизистон ва ШСХК «Барқи тоҷик» дар бораи аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол додани то 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ бо нархи 2 сент барои 1 кВт/соат шартнома ба имзо расид.

Бинобар сабаби давраи камобӣ дар обанбори Тухтагул, Қирғизистон тасмим гирифт, ки аз Тоҷикистон нерӯи барқ ворид намояд. Тибқи реҷаи интиқол, содироти нерӯи барқ аз моҳи май то моҳи сентябри соли 2014 амалӣ шуда, пардохти он тибқи нишондиҳандаи ҳаҷми интиқоли моҳона дар муддати 30 рӯзи бонкӣ анҷом дода мешавад.

Тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», ҳаҷми шабонарӯзии интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон 2 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.