Вохӯрии Прокурори генералӣ бо аҳолии Бадахшон

Имрӯз дар вохӯрии прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйдодҳои ахир дар шаҳри Хоруғ баррасӣ шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи иҷроияи раиси ВМКБ Диловар Хосабеков хабар дод, дар мулоқот намояндагони тамоми доираҳои вилоят – ҷомеаи шаҳрвандӣ, тазоҳургарон ва ҳамчунин сохторҳои давлатӣ ширкат варзида, вохӯрӣ дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтааст. […]



Имрӯз дар вохӯрии прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйдодҳои ахир дар шаҳри Хоруғ баррасӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи иҷроияи раиси ВМКБ Диловар Хосабеков хабар дод, дар мулоқот намояндагони тамоми доираҳои вилоят – ҷомеаи шаҳрвандӣ, тазоҳургарон ва ҳамчунин сохторҳои давлатӣ ширкат варзида, вохӯрӣ дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар робита ба ҳодисаи рӯзи 21-уми май дар Хоруғ иштирокчиёни вохӯрӣ якдилона қайд карданд, ки он бояд шаффофу беғаразона мавриди тафтиш қарор гирифта, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

«Прокурори генералӣ ба иштирокчиёни вохӯрӣ итминон дод, ки тафтиши ҳодиса дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ доир гардида, гунаҳкорон ҳатман муҷозот хоҳанд шуд», – иброз дошт манбаъ.

Роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ зикр кард, ки дар вохӯрӣ сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳор доштаанд, ки мардуми Бадахшон ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот ва тамомияти арзии Тоҷикистон аст.

Хосабеков ҳамчунин илова намуд, ки вохӯрии прокурори генералии Тоҷикистон бо ахолии вилоят тариқи телевизиони Бадахшон ва Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Алим Шезамонов хабар дод, айни замон вазъ дар ВМКБ амну ором аст. Ӯ тасдиқ кард, ки рӯзи ҳодиса, 21-уми май дар Хоруғ манзили сохтмонаш нотамоми сардори милисаи шаҳр полковник Бахтдавлатов, се автомашина дар назди бинои прокуратура оташ зада шуданд, вале намедонад ин автомашинаҳо ба кӣ тааллуқ доранд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми майи соли равон дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона миёни кормандони милиса ва гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ як сокини шаҳри Хоруғ кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд, ки ду нафарашон баъдтар дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Як корманди милиса – Давид Ниёзбеков низ ҳалок шуд. Биноҳои Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, суди вилоят ва прокуратура ба коми оташ рафтанд. Шаби ҷумъа ба шанбе (23-24-уми май) зимни ҳамла ба бинои Раёсати КДАМ дар ВМКБ сокини 20-солаи шаҳри Хоруғ Азамат Паллаев кушта ва боз ду нафар сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд.

Қаблан ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

як изҳороте қабул намуда

, дар он рӯйдодҳои хунини рӯзи 21-уми май дар шаҳри Хоруғро иқдоми тарҳрезишудаи мақомоти интизомӣ арзёбӣ кард. Дар ин гуфтушунидҳо бо намояндагони ҳукумат ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ-ро  Музаффар Муборакшоев, ҳуқуқшинос Фаромӯз Эргашев, нафақахӯр Бахтовар Бахтиёров ва шаҳрванди бекор Хурсанд Мамадшоев намояндагӣ мекунанд.

Ҳамчунин ба сифати нозирон ба ин рӯйхат раиси шӯрои маҳаллаи Хоруғи Боло Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, раиси шӯрои маҳаллаи «Хлебзавод» Толиб Айёмбеков, раиси шӯрои маҳаллаи УПД Зоир Раҷабов, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ Ёғибек Ёғибеков, сардори Раёсати нерӯҳои марзбонии Бадахшон Холбаш Холбашев, раиси бахши ҲСДТ дар ВМКБ Алим Шерзамонов ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Номус ва инсоф» Улфат Мамадшоева шомил гардидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.