Баронессаи Британияи Кабир Вивйен Стерн изҳор намуд, ки танҳо зимни сафари чорумаш ба Тоҷикистон тавонистааст аз муассисаҳои ислоҳии пӯшида Тоҷикистон боздид кунад.
Ёдрас мекунем, ки баронесса В.Стерн рӯзи 22-юми май маротибаи чорум бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Ӯ дар баргузор намудани ислоҳот дар зиндонҳо саҳми фаъол дошта, ба Тоҷикистон бо мақсади роҳандозии тадбирҳои муштарак бо ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт омадаааст.
Ба гуфтаи баронесса, ин дафъа ӯ бо вазъи муассисаи ислоҳи занонаи шаҳри Норак ва ҳамчунин муассисаи ислоҳӣ барои кӯдакон аз наздик шинос шудааст.
Баронесса мегӯяд, зиндони занона дар Норак шакли маъмулии муассисаи ислоҳӣ аст. «Дар он ҷо шароит барои маҳбусон хуб буда, хонаҳои нигаҳдорӣ калон ва растаниву гулҳои зиёд парвариш карда мешавад, ки муҳитро солим месозанд. Маҳбусон воқеъан ҳам аз ҳавои тоза нафас мегиранд. Нисбати онҳое, ки кӯдакони хурдсол доранд, низ хуб ғамхорӣ мекунанд», – ҳикоят кард баронесса.
Ӯ таъкид дошт, ки барои занон бояд чунин шароит муҳайё бошад. «Ягона чизе, ки ман шарҳ дода наметавонам, ин аст, ки он ҷо муносибати инфиродӣ ба занон дар маҷмӯъ чӣ гуна аст», – зикр кард баронесса.
Баронесса ба тааҷҷуб омадааст, ки ҳайати кормандони зиндони занона аксаран аз мардон иборат аст. «Бахтиёр Худоёрзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ дар ин робита ба ман изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон мактаби омӯзиши ҳайати шахсии занона барои кор дар муассисаҳои ислоҳӣ вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, занонро барои таҳсил ба Қазоқистон фиристода, ояндаи наздик ҳудуди 5 нафар занон аз таҳсил бармегарданд ва дар зиндон кор хоҳанд кард», – гуфт ба хабарнигори «Азия-Плюс» В.Стерн.
Ӯ ҳамчунин вазъи муассисаи ислоҳӣ барои кӯдакон дар шаҳри Душанберо қаноатбахш арзёбӣ намуда, нигаҳдории ҳамагӣ 59 нафар писарон дар онро фоли нек медонад, «зеро маъмулан дар зиндонҳо барои кӯдакон беш аз 200 нафар нигаҳдорӣ мешаванд».
«Муддати 4 сол ба ман бори нахуст муясссар шуд, ки аз муаасисаҳои ислоҳии Тоҷикистон боздид кунам ва ин пешравӣ дар низоми иҷрои ҷазои кишвар аст, зеро ин муассисаҳо бояд кушода бошанд ва шахсони хориҷии ваколатдор аз онҳо боздид ва бо шароити он шинос шуда тавонанд», – қайд кард ӯ.
Баронесса бар ин назар аст, ки барои расидан ба сатҳи зиндони ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалӣ риояи якчанд қоидаҳо – аз зӯроварӣ истифода накардан нисбати маҳкумшуда, таъмини робитаи маҳкумшуда бо ҷаҳони беруна, фаъолият доштани ҳайати шахсии корозмудаи дорои қобилиятҳои муносибат бо маҳбусон ҷиҳати ислоҳшавии онҳо, машғул будани маҳбусон бо ягон кор ва мавҷуд будани мақоми мониторинги иҷрои ҳамаи ин қоидаҳо зарур аст.



