Хуҷанд: Фавти табиби мардумии ба таҷовуз ба номуси духтарандаронаш айбдоршуда

Маҳмадулло Холови аввали соли равон барои таҷовуз ба номуси духтарони ӯгаяш гумонбаршуда дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт. Бино ба иттилои Олимҷон Сайдалиев, сардори тавқифгоҳи муваққатии Хуҷанд, Маҳмадулло Холов ҳанӯз 9-уми май фавтида, сабаби марги ӯро коршиносони ташхиси судӣ-тиббӣ сактаи дил (инфаркт) унвон кардаанд. «Ахиран ӯ бисёр гиря карда, аз шарманда шуданаш […]



Маҳмадулло Холови аввали соли равон барои таҷовуз ба номуси духтарони ӯгаяш гумонбаршуда дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт.

Бино ба иттилои Олимҷон Сайдалиев, сардори тавқифгоҳи муваққатии Хуҷанд, Маҳмадулло Холов ҳанӯз 9-уми май фавтида, сабаби марги ӯро коршиносони ташхиси судӣ-тиббӣ сактаи дил (инфаркт) унвон кардаанд. «Ахиран ӯ бисёр гиря карда, аз шарманда шуданаш назди мардум барои кирдори содиркардааш таассуф мехӯрд. Ӯ аз кардааш пушаймон буд. Ман бори нахуст шоҳиди онам, ки шахс аз таассуфу андӯҳ ҳалок шуда метавонистааст», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 7-8-уми феврали соли ҷорӣ тариқи шабакаҳои давлатии телевизиони ҷумҳурӣ сюжети таҳияшудаи КДАМ ҶТ намоиш дода шуд, ки дар он дар бораи аз ҷониби табиби мардумӣ Холов М.И. аз вилояти Суғд содир шудани таҷовуз ба номуси духтарони ӯгаяш сухан мерафт. Боздоштшуда ба гуноҳаш иқрор шуда, чӣ гуна содир кардани ин кирдори нафратоварашро ҳикоят кард.

Ҳамчунин дар сюжет зикр карда шуда буд, ки боздоштшуда узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Баъдан ҲНИТ дар ин робита як изҳороте пахш намуда, маълумот дод, ки Маҳмадулло Холов ҳеҷ гоҳ дар сафи ин ҳизб шомил набуда, ин амал идомаи «маъракаи зиддинаҳзатӣ»-и бофташуда аз ҷониби сохторҳои қудратӣ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.