Вазири корҳои хориҷии Чин: Мо иштироки президенти Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин интизорем

Душанбе. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Тсзечинро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби […]

root


Душанбе. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Тсзечинро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд.



Таваҷҷӯҳи хос ба масоили омодагӣ ба сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон ва ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки охири моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, зоҳир карда шуд.



«Барои Тоҷикистон муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созмони ҳамкории Шанхай аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ аст», – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

 




Ян Тсзечин Ҷумҳурии Мардумии Чинро дӯсти содиқ, ҳамсояи хуб ва шарики боэътимоди кишвари мо номида, изҳор дошт, ки давлати Чин азм дорад минбаъд низ Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, муносибатҳои худро бо он боз ҳам густариш диҳад. Ба андешаи ӯ суботи сиёсӣ ва фазои хуби ҳуқуқию инвеститсионӣ, ки дар Тоҷикистон зери раҳбарии Э.Раҳмон эҷод гаштааст, заминаи хуб барои ба сатҳи баланд баровардани робитаҳои ду кишвари ҳамсоя аст. «Мо иштироки президенти Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ интизорем», – гуфт ӯ.



Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия, гидроэнергетика, илму фарҳанг ва ғайра гуфтугӯйи судманд анҷом дода, аз ҳаҷми мубодилоти мол байни ду кишвар ва болоравии босуръати он изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот дар зарфи ду соли охир қариб чор баробар ва дар шаш моҳи соли равон 60 дар сад афзоиш ёфтааст.



Ба масоили ҳамкории минтақавӣ дар бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ва ғайра, ки метавонад заминаи боэътимоди рушди иҷтимоию иқтисодии ҳамаи кишварҳо бошад, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд.



Мусоҳибон ҳамчунин атрофи масоили амнияту суботи минтақа ва мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоиштаю иқтисодиёти рушдкунанда дар Афғонистон гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.