Нерӯгоҳи хурд дар Шаҳринав тобистон ба истифода дода мешавад

Нерӯгоҳи хурди обӣ-барқии «Тоҷ» дар ноҳияи Шаҳринав нимаи тобистони соли равон ба истифода дода мешавад. Аз Маркази амалисозии лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сохтмони нерӯгоҳи хурди мазкур бо иқтидори лоиҳавии 125 кВ аз ҳисоби воситахои ШСХК «Барқи тоҷик» сурат мегирад. «Арзиши сохтмони нерӯгоҳ 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. […]

Заррина Эргашева



Нерӯгоҳи хурди обӣ-барқии «Тоҷ» дар ноҳияи Шаҳринав нимаи тобистони соли равон ба истифода дода мешавад.

Аз Маркази амалисозии лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сохтмони нерӯгоҳи хурди мазкур бо иқтидори лоиҳавии 125 кВ аз ҳисоби воситахои ШСХК «Барқи тоҷик» сурат мегирад.

«Арзиши сохтмони нерӯгоҳ 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Таҷҳизот дар нерӯгоҳи хурд аллай бандубаст шуда, айни замон корҳои насбу истифода ҷараён доранд ва сипас иншоот қабул хоҳад шуд, ки барои ин боз 1-2 моҳ вақт лозим аст. Ин нерӯгоҳи хурд асосан дар мавсими тирамоҳу зимистон, замони камбуди барқ дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад», – гуфтанд дар марказ.

Дар Марказ ҳамчунин зикр карданд, ки иқтидори нерӯгоҳи хурди «Тоҷ» он қадр зиёд набуда, барои таъмини мактаби маҳаллӣ, комиссариати ҳарбӣ ва маҳаллаи аҳолинишин пешбинӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 310 нерӯгоҳи хурди обӣ-барқӣ ба истифода дода шуда, дар мавсими баҳору тобистон қариб нисфи онҳо кор намекунанд, зеро нерӯгоҳҳои асосии кишвар барои таъмини мунтазами аҳолӣ ва корхонаҳо нерӯи барқи кофӣ истеҳсол мекунанд. Дар мавсими тирамоҳу зимистон, ки дар минтақаҳои кишвар реҷаи маҳдуди истифода барқ ҷорӣ мешавад, ба нерӯгоҳҳои хурд эҳтиёҷи зиёд пайдо мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.