Шикасти футболбозони навраси тоҷик дар вохӯрии ниманиҳоии Ҷоми Каспий-2014

Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар вохӯрии ниманиҳоии мусобиқаи бонуфузи байнулмилалии Ҷоми Каспий-2014 дар шаҳри Боку аз футболбозони навраси Туркия бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ, тӯби ягонаро футболбозони навраси турк дар дақиқаи 67-уми бозӣ ба ҳадаф расонидаанд. «Дар нимаи аввали бозӣ ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Собирҷон Гуляков […]

ASIA-Plus



Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар вохӯрии ниманиҳоии мусобиқаи бонуфузи байнулмилалии Ҷоми Каспий-2014 дар шаҳри Боку аз футболбозони навраси Туркия бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ, тӯби ягонаро футболбозони навраси турк дар дақиқаи 67-уми бозӣ ба ҳадаф расонидаанд. «Дар нимаи аввали бозӣ ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Собирҷон Гуляков корти сурх гирифта, аз майдон ронда шуд ва дар охири бозӣ як футболбози дастаи ҳариф низ аз майдон хориҷ карда шуд», – иттилоъ медиҳад ФФТ.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии дигари ниманиҳоӣ футболбозони навраси Эрон бо ҳисоби 1 бар 0 бар тими мизбон – дастаи Озарбойҷон дастболо шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамин тариқ, соати 16-30-и рӯзи 5-уми июн дар вохӯрӣ барои зинаи сеюм дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Озарбойҷон ва соати 20-00 дар вохӯрии ниҳоӣ дастаҳои Эрону Туркия бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.