То охири сол Тоҷикистон метавонад аз воридоти ангишт даст кашад

Дар зарфи 5 моҳи соли равон ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 153,5 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳазор тонна зиёдтар аст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳиссаи асосии ангишти истихроҷшуда дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 истифода мешавад, ки дар 5 […]

Заррина Эргашева



Дар зарфи 5 моҳи соли равон ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 153,5 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳиссаи асосии ангишти истихроҷшуда дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 истифода мешавад, ки дар 5 моҳ ба ин марказ 29,3 ҳазор тонна ангишт интиқол шудааст. Дар ин давра Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) – 26 ҳазор тонна ва корхонаи «Тоҷиксемент» – 16,1 ҳазор тонна ангишт гирифтаанд.

«Сол то сол Тоҷикистон ҳаҷми воридоти ангиштро тадриҷан коҳиш медиҳад. Масалан, аз оғози сол ҳаҷми воридоти ангишт ба кишвар ҳамагӣ 839 тоннаро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 1,4 ҳазор тонна ва соли 2012 ба 5,7 ҳазор тонна баробар буд. Агар корхонаҳо ба пардохти маблағ омода бошанд, метавон аз воридот комилан даст кашид. Имзои шартнома, пешпардохт ва кор кардан зарур аст», – гуфтанд дар вазорат.

Дар Вазорат зикр карданд, ки корхонаҳои истихроҷи ангишти кишвар ба ивази 3,5 ҳазор тоннаи имрӯза истихроҷи шабонарӯзии ангиштро то ба 10 ҳазор тонна расонида метавонанд. «Дар Тоҷикистон арзиши 1 тонна ангишт дар конҳои кушод (карьер) аз 80 то 200 сомонӣ ва истихроҷшуда аз конҳо (шахтаҳо) ҳудуди 450 сомониро ташкил медиҳад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ дар 14 кон 18 корхонаи истихроҷи ангишт фаъолият доранд. Соли 2013 ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 518 ҳазор тоннаро ташкл дод, ки 86% аз ин миқдорро корхонаҳои давлати истихроҷи ангишт таъмин намуданд.

Корхонаи бузургтарини истихроҷи ангишти ҷумҳурӣ корхонаи давлатии «Кони Фон Яғноб» мебошад, ки дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ дар он 121,6 ҳазор тонна ангишт (80% аз ҳаҷми умумӣ) истихроҷ шудааст. Барои рушди ин соҳа КВД «Ангишти тоҷик» таъсис дода шуда, барои саривақт таъмин намудани эҳтиёҷои ҷумҳурӣ ба ангишт, нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.