Семинар оид ба ташаккули ғояҳои тиҷоратӣ ва таҳияи нақшаи бизнес



Рӯзҳои10-11 июни соли 2014 дар истироҳатгоҳи «Ҷаҳонгир» (Варзоб) барои мушовирони барномаи соҳибкории навташкили Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад  (ИҶК – БМ) дар Тоҷикистон дар мавзўи «Ташаккули ғояҳои тиҷоратӣ ва таҳияи нақшаи бизнес» семинар баргузор мегардад.

Тавре аз ИҶК – БМ дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсад аз гузарондани семинари мазкур ба мушовирон омўзондани малакаҳои кор бо соҳибкорони навкор, таҳияи нақшаҳои бизнес ва шинос намудани онҳо бо тарзу усулҳои кори барнома мебошад. Семинарро хонум Маржена Мазевска, президенти Ассотсиатсияи созмондиҳандагони марказҳои инноватсионии Полша мегузаронад. Дар семинар 12 нафар мушовирон – намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматии маҳаллии ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Носири Хисрав, Қабодиён, Шаҳритус, Ҷиликўл ва Панҷ, инчунин 3 нафар намояндаи фондҳои қарздиҳии хурд иштирок мекунанд.    

Мушовирони бизнес дар маҳалҳо ба соҳибкорони навкор дар таҳияи нақшаҳои бизнес ва кушодани бизнеси худ ёрӣ хоҳанд расонд. Беҳтарин нақшаҳои бизнес барои гирифтани қарзи имтиёзнок ба ташкилотҳои қарздиҳии хурд пешниҳод карда мешаванд.


Маълумот:

Дар чаҳорчўбаи барномаи соҳибкории навташкили ИҶК – БМ дар Тоҷикистон лоиҳаи «Мусоидат ба рушди соҳибкории навташкил» амалӣ карда мешавад, ки он ба дастгирии соҳибкорони навкор аз байни ҷавонон, занҳо ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта равона гардидааст. Самтҳои афзалиятноки лоиҳа рушди истеҳсолот ва хизматҳои истеҳсолию моддӣ ба шумор мераванд. Дар доираи ҳамкории дуҷонибаи байни ИҶК -БМ ва фондҳои қарздиҳии хурд бо 18 % солона қарзҳои имтиёзноки аз 3 то 6-моҳа дода мешаванд. 

spot_imgspot_img

Популярное