Дар ҷумҳурӣ нисфи ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шуд

              Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯзҳо дар саросари мамлакат ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ босуръат идома дорад. То имрӯз ҳудуди 255 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 63,5 ҳазор тонна бештар мебошад. Мутахассисини вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки майдони умумии кишти зироатҳои ғалладонагӣ […]

Мавҷуда Ҳасанова


              Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –


Имрӯзҳо дар саросари мамлакат ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ босуръат идома дорад.


То имрӯз ҳудуди 255 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 63,5 ҳазор тонна бештар мебошад.




Мутахассисини вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки майдони умумии кишти зироатҳои ғалладонагӣ 291 ҳазору 447 гектарро ташкил медиҳад ва то имрӯз дар 145 ҳазору 444 гектараш дарав ба анҷом расидааст.



Бино ба иттилои манбаъ, аз майдони умумии кишти зироатҳои ғалладона 70 фоизашро гандум ташкил медиҳад ва соли ҷорӣ ғаллакорон вазифадор карда шудаанд, ки аз заминҳои обӣ наздик ба 700 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ намоянд.



Аз вазорати кишоварзӣ ҳамчунин хабар доданд, ки д


ар ин маъракаи

 

муҳим  аз комбайнҳо самаранок истифода бурда мешавад. Ҳамарӯза дар майдонҳои ғаллазор аз 300 то 430 адад комбайни ғалладарави хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида истифода мегардад. Ҳар як комбайн ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 4-5 гектарро дарав мекунад, ки ин кори даравгаронро осон мекунад.



«Дар ҳамин ҳол, то имрӯз танҳо 65 дарсади техникаи кишоварзӣ ба мавсими дарав омода шуданд – аз 787 комбайни ғалладарави мавҷуда 451 ададаш истифода мешавад», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки рӯзҳои наздик Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» барои омодагӣ ба мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта ба кишвар ба маблағи 7,7 млн. сомонӣ техникаи кишоварзӣ ворид месозад.



Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар майдони 273 ҳазору


403 гектар

зироатҳои ғалладона кишт шуда, 931 ҳазору 204 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид, ки 649,3 ҳазори онро гандум ташкил медод.



Мувофиқи назари коршиносон, талаботи ҳамасолаи аҳолии ҷумҳурӣ ба гандум 1 млн. 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва миқдори ҳосили гандуми кишвар танҳо 50 дарсади талаботро қонеъ месозад.






Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.