Коҳиши интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон

Дар семоҳаи аввали соли 2014 тариқи низоми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 644 млн. доллари ИМА маблағ фиристода шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли 2013 ба миқдори 35,7 млн. доллари ИМА камтар аст. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, ҳаҷми миёнаи интиқоли маблаги пулӣ низ аз 310 $-и семоҳаи аввали соли 2013 […]

Заррина Эргашева



Дар семоҳаи аввали соли 2014 тариқи низоми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 644 млн. доллари ИМА маблағ фиристода шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли 2013 ба миқдори 35,7 млн. доллари ИМА камтар аст.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, ҳаҷми миёнаи интиқоли маблаги пулӣ низ аз 310 $-и семоҳаи аввали соли 2013 то ба 270 $ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ поин рафтааст.

Ба иттилои манбаъ, тамоили коҳиши интиқоли маблагҳои пулӣ ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба ҷуз Қазоқистон) низ ба мушоҳида мерасад.

Масалан, тайи семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Ӯзбекистон ба Русия 910,4 млн. доллари ИМА маблағ ирсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120 млн. доллари ИМА камтар аст. Дар ин давра аз Русия ба Қирғизистон 386,04 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол гардидаааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта ба миқдори 6,2 млн. $ камтар мебошад. Ба Туркманистон 6,5 млн. $ фиристода шуда, дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли пешин 2,2 млн. $ камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра тамоили афзоиши интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, дар семоҳаи аввали соли равон аз Русия ба Қазоқистон 93,2 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 5,9 млн. $ бештар аст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2013 ҳаҷми умумии маблағҳои пулии аз Русия ба Тоҷикистон интиқолшуда 4 млрд. 154,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо натиҷаҳои соли 2012 ба миқдори 520,1 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Ҳаҷми миёнаи маблағи интиқолшуда дар соли гузашта 351 $-ро ташкил дода буд.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Русия қарор доранд, 1 млн. 170 ҳазору 825 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 996 ҳазору 429 нафарашон мардон ва 174 ҳазору 396 нафарашон занон мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.