Гумонбарии сокини Суғд ба ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани навҷавон



Як сокини вилояти Суғд ба ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани навҷавон гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 26-солаи вилоят Х.Х. боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки санаи соати 02-и шаби 13-уми июн Х.Х. ба манзили сокини 41-солаи ҷамоати Ортиқов ворид гардида, писари 17-солаи соҳибманзилро лату кӯб ва ӯро ба бордони автомашинаи тамғаи ВАЗ-2106 маҳкам мекунад. «То аз ҷониби наздиконаш дарёфт шудан, навҷавон дар бордони мошин маҳкам мемонад», – гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 131, қисми 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное