Дар Хуҷанд фарзандони 7 нафар мансабдорон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуданд

Дар маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳри Хуҷанд даъвати баҳории имсола ба хизмати ҳарбӣ натичагирӣ карда шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, нақшаи даъвати баҳоронаи ҷавнописарон ба хизмати ҳарбӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд санаи 28-уми май ба андозаи 101,8% иҷро гардида, 160 нафар ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шуданд. Тавре дар […]

ASIA-Plus



Дар маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳри Хуҷанд даъвати баҳории имсола ба хизмати ҳарбӣ натичагирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, нақшаи даъвати баҳоронаи ҷавнописарон ба хизмати ҳарбӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд санаи 28-уми май ба андозаи 101,8% иҷро гардида, 160 нафар ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шуданд.

Тавре дар ҷаласа зикр гардид, гусели аввали гуруҳи ҷавонони 22 нафара санаи 3 апрел сурат гирифта буд. Инҳо ҷавононе буданд, ки бо ихтиёри худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд. Барои аз хизмат саркашӣ кардани 7 нафар даъватшаванда нисбати онҳо мавод тартиб дода шудааст. Дар баробари ин дар даъвати имсола 7 нафар фарзандони шахсони мансабдор ба хизмат фиристода шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин марҳила барои хароҷоти даъват ва фаъолияти самараноки он аз ҳисоби Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 20ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда буд. Новобаста аз сари вақт иҷро шудани нақшаи даъвати баҳорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири бартараф намудани чанд камбудиҳо аз қабили саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ, пинҳон кардани фарзанд аз ҷониби волидайн то ҳол вуҷуд дорад. Ва дар ин самт корҳои ташвиқотӣ ва фахмонидадиҳӣи гузаронида шудааст.

Гуфта мешавад, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд Ҳикматулло Баротов ваъда дод, ки камбудиҳое ки дар даъвати баҳорӣ буд, дар даъвати тирамоҳӣ такрор нахоҳанд шуд.

Барои беҳтар кардани сифати даъвати тирамоҳӣ Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод то аз ҳафтаи нав корхои ташвиқотӣ барои даъвати тирамоҳӣ оғоз гардад. Дар ҷамбаст Раҷаббой Аҳмадзода бо туҳфаҳои хотиравӣ кормандони комисариати ҳарбии шаҳр, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ва масъулинро қадрдонӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.