Гумонбарии табиби беморхонаи вилояти Хатлон ба порагирӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати духтури беморхонаи клиникии ба номи Б.Воҳидови  вилояти Хатлон Шарифхон Қурбонов парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар давраи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ Шарифхон Қурбонов комиссияи тиббии даъватро раҳбарӣ карда, ба гирифтани пора гумонбар длниста мешавад. Ҳамин тариқ, 25-уми апрели соли […]

ASIA-Plus



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати духтури беморхонаи клиникии ба номи Б.Воҳидови  вилояти Хатлон Шарифхон Қурбонов парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар давраи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ Шарифхон Қурбонов комиссияи тиббии даъватро раҳбарӣ карда, ба гирифтани пора гумонбар длниста мешавад.

Ҳамин тариқ, 25-уми апрели соли равон Қурбонов барои аз хизмати ҳарбӣ озод кардани даъватшаванда Зайниддин Табарови 21-сола аз ноҳияи Фархор аз бародари ӯ 500 доллари ИМА пора талаб мекунад. «Шарифхон Қурбонов пас аз гирифтани 500 долари ИМА аз шаҳрванд Табаров М.Ҳ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуд», – иттилоъ медиҳад Агентӣ.

Гуфта мешавад, нисбати Қурбонов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтиш идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.