Дастоварди навбатии Дилшод Назаров дар Чехия

Дар мусобиқаи силсилаи даъвати ҷаҳонии Ассотсиатсияи байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук (ИААФ) дар шаҳри Остраваи Чехия гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 80.62 метр зинаи дуюмро ишғол намуд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи байнулмилалии варзиши сабук хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ҷойи аввалро дар ин мусобиқа бо натиҷаи 81.57 метр варзишгари Маҷористон (Венгрия) Кристиан Марс ва зинаи […]

ASIA-Plus



Дар мусобиқаи силсилаи даъвати ҷаҳонии Ассотсиатсияи байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук (ИААФ) дар шаҳри Остраваи Чехия гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 80.62 метр зинаи дуюмро ишғол намуд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи байнулмилалии варзиши сабук хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ҷойи аввалро дар ин мусобиқа бо натиҷаи 81.57 метр варзишгари Маҷористон (Венгрия) Кристиан Марс ва зинаи сеюмро бо натиҷаи 79.65 метр гурзандоз аз Лаҳистон (Полша) Павел Файдек касб кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба варзиши сабуки «Даъвати Маскав» (Московский вызов) Дилшод Назаров бо натиҷаи 79.20 метр

пирӯз шуд

. Рекорди шахсии Дилшод Назаров 80.71 метр аст, ки соли 2013 дар Ҷопон ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.