Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо ҳамоҳангсози Агентии ҳамкории байнулмилалӣ ва рушди назди ҳукумати Туркия Нозим Оқсой масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба фаъол гардонидани ҳамкориҳои тиҷоратӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ раиси ПСС Тоҷикистон изҳор намуд, ки айни замон муносибатҳои Тоҷикистону Туркия дар сатҳи баланд қарор дошта, барои доираҳои соҳибкорӣ заминаи қавии ҳамкории мутақобила фароҳам оварда шудааст, ки дар созишномаҳо дар бораи ҳамкорӣ миёни палатаҳои ҳарду кишвар, Шӯрои кории «Тоҷикистон- Туркия» ва миёни ПСС ҶТ ва Агентии мазкур дарҷ ёфтаанд.
Шариф Саид таваҷҷуҳи меҳмонро бештар ба зарурати густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ҷалб намуда, пешниҳод кард, ки соли 2015 дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти бофандагии Туркия ва ҳамоиши доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар гузаронида шавад. «Дар навбати худ, ин ба муҳайё гардидани шаротитҳои сифатан наву устувор ва пешгӯишаванда барои соҳибкорони Туркия дар бозори Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак, беҳбуди самаранокӣ ва натиҷаҳои мусбат дар робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни тоҷирони кишварҳо мусоидат мекунад», – гуфт ӯ.
Нозим Оқсой зикр кард, ки Агентии ҳамкории байнулмилалӣ ва рушди назди ҳукумати Туркия бо ташкилотҳои тиҷоратии аксари кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил ҳамкории пурсамар ба роҳ мондаааст.
«Ҷалби доираҳои тиҷоратии Туркия ба Тоҷикисон ва муаррифии ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон дар музофоти Бурс зарур аст, то ки тоҷирони Туркия аз имконоту шароити ин кишвари баландкӯҳ огоҳ шаванд. Агентӣ ба пазиройии ҳайати доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар сатҳи баланд дар музофоти Бурс омода аст», – зикр кард ӯ.



