Шарҳи тартиби баргузории маҷлиси умумӣ ба саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун»

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба гузаронидани маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “НБО “Роғун” семинар-машварат доир гардид.  Ба кори машварат муовинони раисони ВМКБ, […]

ASIA-Plus



Дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба гузаронидани маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “НБО “Роғун” семинар-машварат доир гардид. 


Ба кори машварат муовинони раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои мазкур даъват шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи мазкур, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Наҷмиддинов семинар-машваратро ифтитоҳ намуда, оид ба мақсади баргузории семинар-машварат ва дигар масъаъалаҳои марбута ботафсил сухан ронд. Котиби корпоративии ҶСК “НБО “Роғун” Салоҳиддин Мирзоев, сардори Шуъбаи муносибатҳои амволи хориҷӣ ва маҳаллии Кумита Иззатулло Ғуломов, муовини Директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молия Сулаймон Чиллаев ва сардори Раёсати сармоягузорӣ ва коғазҳои қиматноки ҶСК “НБО “Роғун” Зуҳро Мусоева оид ба вазифаҳои намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тартиби тасдиқи ваколатномаҳои намояндагони саҳмдорони (иштирокчиёни) маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун», тартиби пур кардани бюллетенҳои овоздиҳӣ ва кумулятивӣ, тартиби пешниҳод намудани рӯихати иштирокчиёни маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки тибқи қонунгузории ҷорӣ масъалаҳои ташкилӣ, аз ҷумла масъалаҳои кушода эълон намудани маҷлис, тасдиқи рӯзномаи маҷлис бо тариқи овоздиҳии кушод, яъне бо бардоштани варақаҳои бақайдгирӣ ё бардоштани дастҳо гузаронида мешаванд ва вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис овоздиҳӣ ба воситаи бюллетени овоздиҳӣ ба роҳ монда шуда, дар он 1 саҳмия дорои 1 овоз мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки семинар-машваратҳо дар сатҳи баланд баргузор гардиданд, иштирокдорон мавриди бисёр масъалаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ҷараёни семинар-машваратҳо муколамаю мубоҳисаҳо сурат гирифтанд, иштирокдорон ба суолҳои худ ҷавобҳои қаноатманд ёфта, изҳор намуданд, ки доир намудани чунин семинарҳо дар пешрафти мутассили фаъолияти саҳмдорон аҳамияти калон дорад.

Дар назар аст, ки 28 июни соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

маҷлиси умумии солонаи

саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» баргузор мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.