Заҳролудшавии 10 нафар аз шаурма дар пойтахт

Дар шаҳри Душанбе 9 нафар сокини шаҳри Душанбе ва як нафар сокини ноҳияи Ховалинг аз истеъмоли шаурма заҳролуд шуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, рӯзи 19-уми июн дар натиҷаи истеъмоли шаурма дар нуқтаи махсуси омодакунӣ ва фурӯши ин маҳсулот воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев ин 10 нафар, аз ҷумла 4 нафар кӯдак заҳролуд […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Душанбе 9 нафар сокини шаҳри Душанбе ва як нафар сокини ноҳияи Ховалинг аз истеъмоли шаурма заҳролуд шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, рӯзи 19-уми июн дар натиҷаи истеъмоли шаурма дар нуқтаи махсуси омодакунӣ ва фурӯши ин маҳсулот воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев ин 10 нафар, аз ҷумла 4 нафар кӯдак заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ин нуқтаи фурӯш ба шаҳрванд Муҳаббат Нуруллоева, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.