Низомхон Ҷӯраев боз бедарак шуд?

Собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва собиқ директори генералии корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраев, ки таҳти шарти тарк накардани маҳалли сукунат қарор дорад, боз бедарак шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» адвокати шахсан аз ҷониби худаш кирошуда хабар дод. Ба қавли адвокат Бахтиёр Насруллоев, тайи панҷ рӯзи ахир ӯ бо зерҳимояаш дар […]

ASIA-Plus



Собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва собиқ директори генералии корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраев, ки таҳти шарти тарк накардани маҳалли сукунат қарор дорад, боз бедарак шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» адвокати шахсан аз ҷониби худаш кирошуда хабар дод.

Ба қавли адвокат Бахтиёр Насруллоев, тайи панҷ рӯзи ахир ӯ бо зерҳимояаш дар тамос шуда наметавонад. Бори ахир онҳо рӯзи 3-юми июн дар Душанбе вохӯрдаанд. Рӯзи 20-уми июн бояд мурофиаи навбатӣ оид ба парвандаи Ҷӯраев доир мегардидааст, ки ӯ ба он ҳозир нашудааст.

Адвокат мегӯяд, тибқи натиҷаҳои тафтишот аз рӯи парвандаи Ҷӯраев, дар маҷмӯъ бо 4 модда – 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 260 (Соҳибкории сохта), 261 (Бақайдгирии аҳди ғайриқонунӣ бо замин) ва 289 (Қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Алҳол мо мушаххасан гуфта наметавронем, ки ӯ дар куҷост – дар Тоҷикистон ё хориҷ аз он», – иброз дошт адвокат.

Ёдрас мекунем, ки Низомхон Ҷӯраев соли 2007 баъди нисбаташ оғоз гардидани якчанд парванда оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ пинҳон шуд. Моҳи августи соли 2010 ӯ дар шаҳри Маскав бо дархости Тоҷикистон дар бораи истирдод боздошт гардид, аммо ҳимоягарони ӯ ба Суди Аврпупо муроҷиат карда, ин суд минбаъд ба Русия истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистонро манъ намуд.

Моҳи марти соли 2012 ӯ аз тавқифгоҳи муваққатии вилояти Маскав озод шуда, аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон пайдо шуд. То пайдо шудан дар Душанбе ӯ аз рӯи якчанд модда, аз ҷумла дуздии воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша айбдор карда мешуд. Баъдтар роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки ба Ҷӯраев дар содир шудани ҷиноятҳои иқтисодӣ айбнома пешниҳод шудааст.

Санаи 7-уми апрели соли 2012 дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» суханронии Ҷӯраев ба намоиш гузошта шуд. Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст. Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Бо шарти тарк накардани маҳалли сукунат, Агентии зиддифасод то анҷоми мурофиаи судӣ оид ба ин парванда ӯро озод кард.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.