Ҳукми зиёди зиндон барои ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани шаҳрванди Чин

Чанде қабл дар суди шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парванда нисбати се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба тамаъҷӯӣ ва ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани шаҳрванди Чин гумонбар дониста мешуданд, ба итмом расид. Аз суди шаҳри Хуҷанд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки суд сокини 32-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа Оятулло Маҳмадуллоев, ҳамзисти ӯ […]

Мавлуда Рафиева



Чанде қабл дар суди шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парванда нисбати се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба тамаъҷӯӣ ва ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани шаҳрванди Чин гумонбар дониста мешуданд, ба итмом расид.

Аз суди шаҳри Хуҷанд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки суд сокини 32-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа Оятулло Маҳмадуллоев, ҳамзисти ӯ –  Уғулой Баротова, сокини 23-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сокини 25-солаи ноҳияи Ҳисор Алишер Зайниддиновро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 131 (Ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан) ва 250 (Тамаъҷӯӣ, ки бо мақсади ба  миқдори калон ба даст овардани молу мулк содир шудааст)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор донист.

Ба иттилои манбаъ, Оятулло Маҳмадуллоев ба 15 соли зиндон, Уғулой Баротова ва Алишер Зайниддинов ҳар кадоме ба 13 соли зиндон маҳкум шуда, мардон дар зиндони низомаш шадид ва зан дар маҳбаси низоми умумӣ адои ҷазо мекунанд.

«Маҳкумшудагон рӯзи 7-уми ноябри соли 2013 бо маслиҳати пешакӣ ва бо роҳи фиреб шаҳрванди 39-солаи Чин Маймайтийининг Хедабайдиро ба манзили иҷораи Алишер Зайниддинов даъват мекунанд. Сипас меҳмонро баста, лату кӯб мекунанд. Тӯли 20 соат ба лату кӯб идома дода, аз ӯ барои озод карданаш дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА пул талаб мекунанд. Шаҳрванди Чин ба додани танҳо 10 ҳазор доллари ИМА ба онҳо розӣ мешавад ва аз таксирони шиносаш дархост мекунад, ки ин маблағро биёрад. Ҷинояткорон маблаги пулиро гирифта, ӯро озод мекунанд», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.