Нозири мизи ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нозири мизи ҳарбии ноҳияи мазкур У.Р. бо роҳи фиреб ба боварии сокини маҳаллӣ даромада, аз ӯ барои озод кардани писараш аз даъват ба хизмати ҳарбӣ 1000 доллари ИМА маблағ гирифтааст.
«Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 247, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад», – иброз дошт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, соли 2013 дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 79 далели қаллобӣ ва соли 2012 – 128 чунин ҳодиса ба қайд гирифта шуда буд.



