Муҳлати ҷамъбасти озмуни «Эҷодиёти илмҳомбахш» тамдид шуд

Муҳлати ҷамъбасти озмуни эҷодии «Эҷодиёти илҳомбахш» ба муносибати 90-умин солгарди мақоми пойтахтро соҳиб шудани шаҳри Душанбе то 1-уми октябр дароз карда шуд. Озмун аз ҷониби мақомоти шаҳрдории Душанбе эълон шуда буд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун чунин тасмим гирифта шудааст. Қаблан эълон шуда буд, ки натиҷаҳои […]

Валентина Кондрашова



Муҳлати ҷамъбасти озмуни эҷодии «Эҷодиёти илҳомбахш» ба муносибати 90-умин солгарди мақоми пойтахтро соҳиб шудани шаҳри Душанбе то 1-уми октябр дароз карда шуд. Озмун аз ҷониби мақомоти шаҳрдории Душанбе эълон шуда буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун чунин тасмим гирифта шудааст. Қаблан эълон шуда буд, ки натиҷаҳои озмун санаи 13-уми июн ҷамъбаст карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки бо мақсади эҷоди асарҳои назмиву насрӣ, барномаҳои радиоиву телевизионӣ, сенарияи баргузории намоиши театришуда ва фоторепортажҳо, ҳамчунин пешниҳоди фикру мулоҳизаҳои ҷолиб барои дар сатҳи баланди ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани 90- солагии пойтахт бо ибтикори раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев миёни эҷодкорон озмуни «Эҷодиёти илҳомбахш» эълон гардид. Баргузории озмун аз 1-уми апрел то 1-уми июни соли равон миёни журналистон ва адибон пешбинӣ шуда буд. Акнун ҷамъбасти он ба санаи то 1-уми октябр мавқуф гузошта шуд.

Ҳамчунин Убайдуллоев ба муҳосиботи шаҳрдорӣ дастур дода буд, ки аз ҳисоби фонди захиравии раиси Душанбе барои қадрдонии ғолибони озмун 50 ҳазор сомонӣ (беш аз 10 ҳазор доллари ИМА) маблағ ҷудо карда шавад. Ба ҳайати ҳакамони озмун раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, президенти Академияи улуми ҶТ Фарҳод Раҳимов, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбеков шомиланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.