Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар Душанбе Форуми ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ идома меёбад. Форум ба муносибати 17-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ баргузор мегардад. Чорабинӣ бо ташаббуси ҳукумати ҶТ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ҶТ бо дастгирии Созмони байнулмилалии муҳоҷират созмон дода мешавад; – Дар маркази тиҷорати «Пойтахт» доир ба пешниҳоди маърӯзаи «Дар ҷойи нав […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар Душанбе Форуми ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ идома меёбад. Форум ба муносибати 17-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ баргузор мегардад. Чорабинӣ бо ташаббуси ҳукумати ҶТ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ҶТ бо дастгирии Созмони байнулмилалии муҳоҷират созмон дода мешавад;

– Дар маркази тиҷорати «Пойтахт» доир ба пешниҳоди маърӯзаи «Дар ҷойи нав бадтар шуд…» Поймолкунии ҳуқуқи инсон дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон» конфронси матбуотӣ доир мегардад. Чорабиниро созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch ташкил мекунад. Оғоз соати 10-00;

– Дар шаҳри Хуҷанд Ҷаласаи роҳбарони хадамоти марзбонии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ барпо мешавад. 



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9


267

сомонӣ;


1

евро –

6.7412

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.142


3

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1922

– Дар Хоруғ Анҷумани I-уми Шӯрои Помири Ғарбӣ ба кор шурӯъ кард.


1947

– Таъсиси ҷамъияти «Дониш»-и ҶШС Тоҷикистон.


1974

— Лӯлаи интиқоли гази Душанбе – Келиф ба истифода дода шуд.


2007

— Дар Душанбе меҳмонхонаи нави «Asia Grand Hotel» боз шуд.


2008

— Хатти интиқоли барқи «Лолазор – Хатлон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.


2008

— Сафоратхонаи Эрон дар ҶТ сомонаи расмии худ –

www. iranembassy-tj.com

– ро ба кор даровард.


2010

— Тоҷикистон ва Швейтсария конвенсия дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукаратаро ба имзо расониданд.


1936-1999

– Зодрӯзи журналист, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Мамадвафо Мамадризоев.


1937

– Мавлуди доктори улуми филологӣ, профессор Худоӣ Шарифов.


1946

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гуландом Сафаралиева.


1958

– Мавлуди доктори улуми сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Маҳмадов.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +11+16, рӯзона +27+32;  дар шарқи вилоят шабона 0+5, рӯзона +12+17.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +38+40.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.