Суханронии Озода Раҳмон дар Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ

Санаи 24 июни соли 2014 бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷалби диаспораҳо барои рушди кишвар ба кори худ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои […]

ASIA-Plus



Санаи 24 июни соли 2014 бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷалби диаспораҳо барои рушди кишвар ба кори худ ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон, ВМКБ, Суғд, шаҳри Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, ташкилотҳои ҷамъиятии минтақавӣ, марказҳои фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ аз вилоятҳо, шаҳру минтақаҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ширкат варзиданд.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ дар Форум суханронӣ намуда, таъкид кард, ки баргузории ҳамоиши тоҷикони бурунмарзӣ дар сатҳи баланд ва ҷалби тамоми ҷонибҳои алоқаманд баёнгари таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти Олии кишвар ба масъалаҳои таҳкими робитаҳо ва роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо ҳамватанони бурунмарзӣ мебошад.

Қайд гардид, ки бештар аз 30 намояндагии дипломатӣ ва 14 консулҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар хориҷи кишвар фаъолият менамоянд, ҳамкориҳои созанда бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳалли мушкилиҳои шаҳрвандони кишварро дар хориҷа аз ҷумлаи авлавиятҳои фаъолияти худ эътироф намуда, кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳанд, то ки пайванди ҳамватанони бурунмарзӣ бо Тоҷикистон ногусастанӣ бошад.

“Он намояндагиҳо ҳамарӯза дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ ба рушду таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамаҷониба мусоидат карда, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони кишвар дар хориҷа ҳимоят мекунанд”, – зикр намуд Муовини аввали вазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.