Кишоварзони Қумсангир ба хориҷа беш аз 16 ҳазор тонна маҳсулот мефиристанд


Кишоварзони ноҳияи Қумсангир имсол ба хориҷи кишвар беш аз 16 ҳазор тонна маҳсулот интиқол доданианд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи мазкур хабар дод, деҳқонони ноҳия ба хориҷи кишвар аллакай зиёда аз 9 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардаанд, ки беш аз 180% аз нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

«Қаблан мо содироти 5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи ҷумҳуриро дар нақша доштем, вале аллакай то имрӯз 9 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзии худро ба хориҷи кишвар фиристодем. Аз Қумсангир асосан пиёз ба Русияву Қазоқистон ва зироати полезӣ ба Афғонистон ва кишварҳои дигаи содирот карда мешавад», – гуфт сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр гардид, ки имсол деҳқонони ноҳия дар майдони 1 ҳазору 181 гектар пиёз парвариш карда, 600-800 сентнер ҳосил ба даст оварданианд, ки аз сатҳи миёнаи ҳосилнокӣ дар ноҳия 200-300 сентнер зиёдтар мебошад.

spot_imgspot_img

Популярное