Нигаронии президент аз болоравии сунъии нархи гӯшт дар моҳи Рамазон

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2014 тасдиқ карда шуд. Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 маъқул дониста шуд. Тибқи ин санад, […]

ASIA-Plus



Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2014 тасдиқ карда шуд.

Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 маъқул дониста шуд. Тибқи ин санад, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2015 дар ҳаҷми 52,8 миллиард сомонӣ бо суръати афзоиши 7,2% пешбинӣ шудааст. Дар солҳои 2016 ва 2017 бошад ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба андозаи 60 миллиард ва 68,4 миллиард сомонӣ ва 7,2% ва 7,4% дар назар аст.

Барои муқоиса зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли равон ба андозаи 46,3 миллиард сомонӣ бо суръати афзоиши 7,1% пешбинӣ шудааст.

Сатҳи таваррум барои соли 2015 7,5% ва қурби миёнасолии асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 5 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Қурби асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ дар солҳои 2016 ва 2017 мутаносибан ба андозаи 5,05 ва 5,10 сомонӣ дар назар аст.

Вазорати молияи кишвар вазифадор шуд, ки ҳангоми таҳияи Буҷети давлатӣ барои ин солҳо нишондодҳои дурнамои мазкурро ба инобат бигиранд.

Сипас ҳисоботи Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012-2016 шунида шуд. Тавре зикр гардид, барномаи мазкур дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо варзишгарони кишвар, ки 20 декабри соли 2010 баргузор шуда буд, таҳия, қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифтааст. Дар давраи татбиқи барнома дар ҷумҳурӣ 19 варзишгоҳ ва 100 майдони гуногуни футбол бунёд ёфта, таваҷҷуҳ ба ин бахши муҳими варзиш афзун гардид. Дар 103 мактаби варзишии кишвар 603 гурӯҳи футбол ташкил шудааст, ки ба онҳо 5756 футболбоз ва 261 мураббӣ шомил мебошанд. Фаъолияти 5 мактаби махсуси футбол ва Академияи футбол низ назаррас номида шуд.

Ҳоло Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии ФИФА миёни 208 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 113 қарор дорад, ки ин нисбат ба соли 2011 41 зина боло мебошад. Дар миёни кишварҳои Осиё бошад, Тоҷикистон дар ҷойи 19 қарор дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои таъмини оммавияти ҳамаи бахшҳои варзишу тарбияи ҷисмонӣ, хусусан рушди футбол дар ҷумҳурӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда васеъ истифода бояд кард.

Зимни муҳокимаи лоиҳаи Барномаи давлатии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, доир ба таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ин фанҳо ва ҳамчунин баланд бардоштани сифати таълим ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Дастур дода шуд, ки лоиҳаи як бинои иловагии таълимӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои солҳои 2014-2017, Қоидаҳои гузарондани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯйи шароити меҳнат ва Қоидаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назораткунандаи гузаргоҳҳои автомобилӣ тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи принсипи “Истгоҳи ягона” тасдиқ карда шуд.

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз болобарии сунъии нархи маводи ғизоӣ, хусусан гӯшт дар моҳи шарифи рамазон изҳори нигаронӣ карда, барои муайян намудани сабабҳои асосии ин раванд ва бартарафсозии ин ҳолати номатлуб ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки дар моҳи шарифи рамазон, мувофиқи расму оин ва суннатҳои мусулмонӣ, нархҳо бояд арзон карда шаванд, на баръакс.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...