Гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ дар Бишкек

Чанде қабл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек марҳилаи навбатии гуфтушуниди комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии байни кишварҳо баргузор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид муовини нахуствазири ҶТ Муродалӣ Алимардон ва ҳайати кишвари […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек марҳилаи навбатии гуфтушуниди комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии байни кишварҳо баргузор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид муовини нахуствазири ҶТ Муродалӣ Алимардон ва ҳайати кишвари ҳамсояро муовини нахуствазири Қирғизистон Ҷомарт Оторбоев раҳбарӣ кардаанд.

«Дар ҷараёни гуфтушунид масъалаҳои истифодаи муштараки роҳҳо, захираҳои обӣ, чарогоҳҳои наздимарзӣ ва ҳамчунин ҷараёни иҷрои тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда оид ба сохтмони роҳу пулҳо баррасӣ шуданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи ташкили сафари нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Бишкек низ матраҳ гардиданд, ки муҳлати он тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.