«Тоҷик Эйр» парвозҳо ба шаҳрҳои Русияро зиёд кард

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шумори парвозҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Новосибирск, Екатеринбург ва Санкт-Петербурги Русияро зиёд мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷик Эйр» иттилоъ доданд, аз 24-уми июн аллакай парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе-Новосибирск-Душанбе, ки қаблан як маротиба дар рӯзи шашуми ҳафта сурат мегирифтанд, ду маротиба дар як ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода […]

Заррина Эргашева



Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шумори парвозҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Новосибирск, Екатеринбург ва Санкт-Петербурги Русияро зиёд мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷик Эйр» иттилоъ доданд, аз 24-уми июн аллакай парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе-Новосибирск-Душанбе, ки қаблан як маротиба дар рӯзи шашуми ҳафта сурат мегирифтанд, ду маротиба дар як ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд. Арзиши билет ба як самт аз 180 евроро ташкил медиҳад.

«Аз 1-уми июл ба хатсайри Душанбе-Екатеринбург-Душанбе (рӯзҳои чоршанбе ва шанбе) ва аз 9-уми июл ба хатсайри Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе (рӯзҳои чоршанбе ва шанбе) низ як парвози иловагӣ роҳандозӣ мешавад. Арзиши билет ба як самт дар ҳарду хатсайр аз 240 евроро ташкил дода, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737 ва 757 анҷом дода мешаванд», – гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.

Зимнан зикр гардид, ки ояндаи наздик ширкати «Тоҷик Эйр» ният дорад, ки парвозҳо тариқ хатсайри Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷандро низ то ду парвоз дар як ҳафта зиёд кунад.

Қобили зикр аст, ки айни замон аз фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбруг, Новосибирск, Красноярск, Қазон, Якутия, Самара, Уфа, Перм, Волгоград, Нижнекамск, Иркутск, Сургут, Челябинск, Ростов, Омкс ва Сочии Русия парвозҳо амалӣ мешаванд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.