Ш.Ҳакимов: Аз беамалии сафорати Британия дар ҶТ оид ба қазияи Содиқов интизорӣ мерафт

Доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки аз беамалии сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон дар робита ба тақдири Александ Содиқов, ки санаи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд, комилан чунин интизорӣ мерафт. «То ҷое ман огаҳӣ дорам, Содиқов шаҳрванди Британияи Кабир нест. Ғайр аз ин, Британияи Кабир кишвари хеле муҳофизакор (консервативӣ) […]

Пайрав Чоршанбиев



Доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки аз беамалии сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон дар робита ба тақдири Александ Содиқов, ки санаи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд, комилан чунин интизорӣ мерафт.

«То ҷое ман огаҳӣ дорам, Содиқов шаҳрванди Британияи Кабир нест. Ғайр аз ин, Британияи Кабир кишвари хеле муҳофизакор (консервативӣ) буда, онҳо ба эҳтимолияти бегуноҳӣ такя карда, ба боадолатии мақомоти судӣ бовар доранд, яънеҳ адди ақал то ифшои натиҷаҳои расмии тафтиш, аз ҳар гуна изҳорот худдорӣ меварзанд. Сипас бар асоси санадҳои расмӣ мавқеъи худро муайян мекунанд», – шарҳ дод ҳуқуқшинос.

«Аммо агар мақомоти амният мавқеъи худро тасдиқ намуда, гуноҳи Содиқов ба ҷосусиро собит намоянд, ҳатман амалҳои ҳамгуна аз ҷониби Лондони расмиро метавон интизор шуд, зеро Содиқов ба ҷосусӣ ба манфиати кишвари хориҷӣ айбдор карда мешавад, ки ин аллакай натанҳо мушкили ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ҳам ҳаст», – зикр кард Ҳакимов.

Ёдрас мекунем, ки санаи 16-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи шаҳри Панҷакент Александр Содиқов аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба гумони даст доштан дар фаъолияти тахрибкорӣ ба манфиати кишвари хориҷӣ боздошт шуд.

Рӯзи 21-уми июн КДАМ Тоҷикистон дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Содиқов ва ба ҳабс гирифтани ӯ маълумот дод. Бино ба маълумоти хадамоти махсус, айни замон Содиқов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.