Дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» вакили парлумон, котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Талбак Исмоилов изҳор намуд, ки тамоили доимии ҳамасола иваз кардани раҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик», бахши энергетикаро аз буҳрон раҳо карда наметавонад.
Ба андешаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки баҳри раҳо кардани бахши энергетикаи мамлакат аз буҳрони молии тӯлонӣ тадбирҳои қатъиву усулӣ биандешад, роҳу воситаҳои азнавсозии шабакаҳои барқӣ, таъмини пардохти саривақтии барқи истифодашуда ва тарзҳои дурусту саҳеҳи нархгузорӣ дар соҳаро дарёфта, мушкилоти дуздии нерӯи барқ ва талафоти зиёди он дар шабакаҳоро ҳаллу фасл намояд.
«Худи далели буҳрони молӣ дар бахши энергетики кишвар, ки 90%-и нерӯи барқи истеҳсолшуда дар он ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ рост меоянду хеле арзон дар саросари ҷаҳон маҳсуб меёбанд, бояд ҳукуматро нигарон созад», – зикр кард вакил.
Ба қавли ӯ, ҳамасола дар натиҷаи партобҳои холии об дар нерӯгоҳҳо дар мавсими тобистон, Тоҷикистон тақрибан 4 млрд. кВт/соат нерӯи барқро талаф медиҳад.
«Ман бовар дорам, ки агар дар мавсими тобистон ҳукумат арзиши истифодаи нерӯи барқ барои бахши хусусӣ ва саноату кишоварзиро ду маротиба коҳиш диҳад, дар баробари истеҳсолоти саноатӣ тавлиди нерӯи барқ низ бамаротиб афзуда, аҳолӣ бо ҷойи кор таъмин мешавад, аксари корхонаҳои саноатӣ корро дар ду-се баст ба роҳ мемонанд ва қисми даромади буҷети давлатӣ меафзояд», – чунин мешуморад Талбаков.







