Таҳияи лоиҳаи Шартнома дар бораи марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ояндаи наздик миёни гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон барои баррасӣ ва мувофиқасозии матни лоиҳаи Шартнома миёни кишварҳо дар бораи марзи давлатӣ гуфтушунид сурат мегирад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, гурӯҳҳои корӣ бояд лоиҳаи мувофиқашудаи Шартномаро то сафари расмии сарвари давлати кишвари ҳамсоя Алмазбек Отамбоев дар моҳи […]

Аваз Юлдошев



Ояндаи наздик миёни гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон барои баррасӣ ва мувофиқасозии матни лоиҳаи Шартнома миёни кишварҳо дар бораи марзи давлатӣ гуфтушунид сурат мегирад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, гурӯҳҳои корӣ бояд лоиҳаи мувофиқашудаи Шартномаро то сафари расмии сарвари давлати кишвари ҳамсоя Алмазбек Отамбоев дар моҳи сентябр ба Душанбе омода кунанд.

«Дар вохӯрии гурӯҳи коршиносони Тоҷикистону Қирғизистон, ки имрӯз дар Қайроққум оғоз шуд, лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи истифодаи роҳҳои мошингарди наздимарзӣ таҳия мегардад, ки дар он муқаррарот ва меъёрҳои истиснокунандаи ҳама гуна монеъагузорӣ ва маҳдудиятҳо дар ҳаракати бемамониати нақлиёт, бор ва шаҳрвандони ҳарду кишвар пешбинӣ мешавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки тибқи мувофиқаи қаблан ҳосилшуда, 10-уми июл Тоҷикистону Қирғизистон дар як вақт сохтмон ва истифодаи минбаъдаи ду пул дар самти Исфараи марзи давлатӣ ва роҳҳои автомобилгарди наздики онро оғоз мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.