Моҳи июни соли равон лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «ККН-Регар» дар бораи сохтмон ва мавриди истифода қарор додани корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Турсунзода маъқул шуморида шуд.
Аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сармоягузори лоиҳа – ширкати «ККН-Регар» дар шаҳри Турсунзода корхонаи коркарди нафти хом ва истеҳсоли маҳсулоти нафтии меъёри ЕВРО-4 бо иқтидори истеҳсолии 300 ҳазор тонна дар як сол бунёд карданист.
Ба иттилои манбаъ, муҳлати амалисозии лоиҳа аз замони мавриди амал қарор гирифтани созишнома (баъди тасдиқ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ) 2 сол ва ҳаҷми маблағгузорӣ 21 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр гардид, ки мутобиқи қарори ҳукумат сармоягузор баҳри амалисозии лоиҳа захираву воситаҳои зарурии молӣ, технологӣ, кадрӣ ва ғайра ҷудо намуда, дар навбати худ, ҳукумати кишвар ба ин ширкат мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, дар масъалаи пардохти андозу боҷи гумрукӣ, додани иҷозатнома, муайян кардани нарх ба маҳсулот бар асоси талабот ва қобилияти харидории истеъмолгарон, соҳибмулкӣ ва ғайра як қатор имтиёзот медиҳад.







