Зимни нишасти хабарӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонзода изҳор кард, ки дар қатли хонаводаи Халлоқовҳо аз ноҳияи Исфара шаҳрванди Қирғизистон гумонбар дониста мешавад.
Ӯ зикр кард, ки ҷинояти куштори пурсарусадои оилаи Халлоқовҳо иборат аз 4 нафар ошкор гардида, дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди 28-солаи Қирғизистон Нурйигит Нуралиев гумонбар дониста шудааст.
«Мо алҳол хулосаи ташхис аз Маскавро интизорем ва вақте ташхиси генетикӣ дастрас шуд, масъалаи ирсоли парванда ба Прокуратураи генералии Қирғизистон ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани ин шаҳрванд ҳаллу фасл мешавад», – иброз дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми августи соли 2013 дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо истифода аз силоҳи оташфишон чор нафар – ҳама аъзои як оила ба қатл расонида шуданд. Дар бинои хоҷагии деҳқонии «Участок-5», ки бо вилояти Боткенди Қирғизистон ҳаммарз аст, посбони бинои хоҷагӣ Абдуқаҳҳор Халлоқов, ҳамсараш, духтараш ва наберааш кушта шуда буданд.
Ҳамчунин ошкор шудааст, ки Нурйигит Нуралиев санаи 5-уми сентябри соли 2013 ба содир намудани чунин ҷиноят дар қаламрави кишвари худ даст зада, оилаи Эралиевҳо иборат аз 6 нафарро ба қатл расонидааст ва аз ҷониби мақомоти интизомии Қирғизистон боздошт шудааст.



