«Барқи тоҷик» уҳдадориҳои молиявиаш назди «Сангтӯда-1»-ро иҷро мекунад



Моҳи июн ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми 14 млн. сомонӣ қарзҳои ҷориаш аз «НБО Сангтӯда-1»-ро пардохт кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «НБО Сангтӯда-1» хабар доданд, дар ҳамин ҳол айни замон ҳаҷми қарзи умумии ширкат аз нерӯгоҳ 418,4 млн. сомониро ташкил медиҳад.

«Пардохти қарзҳои ҷорӣ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» бар асоси ҷадвали пардохтҳои ҳадди ақал анҷом дода мешавад. Аз оғози соли 2014 ширкат ба нерӯгоҳ барои истифодаи нерӯи барқ 64 млн. сомонӣ маблағ пардохт кард», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, соли равон дар нерӯгоҳ беш аз 1 млрд. кВт/соат ва аз замони мавриди истифода қарор гирифтан (соли 2008) 11,5 млрдл. кВт/соат ба маблағи зиёда аз 1 млрд. сомонӣ нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

«Як қисми нерӯи барқи дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» истеҳсолшудаву ба ширкати «Барқи тоҷик» таҳвилёфта тариқи шабакаҳои барқи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода мешавад»,- зикр кард манбаъ.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2008 (замони оғози фаъолияти нерӯгоҳ), ширкати «Барқи тоҷик» ягон маротиба уҳдадориҳои худ оид ба пардохти маблағи барқи истифодашуда дар назди нерӯгоҳро пурра ба иҷро нарасонидааст. Ҳамин тариқ, ширкати «Барқи тоҷик» маблағи нерӯи барқи истифодашударо дар соли 2008 дар ҳаҷми – 59%, соли 2009 – 37%, соли 2010 – 74%, соли 2011 – 68%, соли 2012 – 42% ва соли 2013 – 52% аз ҳаҷми умумӣ пардохт кардааст.

Дар нимсолаи аввал ширкати «Барқи тоҷик» 107% маблағи нерӯи барқи интиқолшуда аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» барои соли равонро пардохт кард.


ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1»

 корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.

spot_imgspot_img

Популярное