Ассотсиатсияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» аз ҳукуматдорони Испания даъват кард, ки аз истирдоди шаҳрванди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев ба ватанаш худдорӣ варзанд.
Дар изҳороти Ассостсиатсияи мазкур дар ин робита зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи истифода аз шиканҷа роиҷ буда, мақомоти судӣ ба мақомоти иҷроия тобеъ аст ва адвокатҳое, ки намояндагони мухолифинро ҳимоя мекунанд, аз иҷозатнома маҳрум шуда, ҳатто бо айбҳои сохта ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
«Аз ин рӯ, маҷбуран ба ватан баргардонидани Гадоев метавонад ба мавриди ҷазои ғайриқонунӣ қарор гирифтани ӯ, хатар ба вазъи солимиаш ва ҳатто ҳаёташ боис гардад», – таъкид шудааст дар изҳорот.
Дар изҳорот қайд мешавад, ки санаи 2-юми феврали соли ҷорӣ дар Мадрид ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо Гадоев аз ҷониби мақомоти пулиси Испания боздошт шуд. Дар Испания ӯ қонунӣ мутобиқи тартиби маъмурӣ барои шаҳрвандони ҷиҳати ҳимояи байнулмилалӣ муроҷиаткарда иқомат дорад.
Айни замон ҳукуматдорони Испания масъалаи истирдоди Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Дар ин робита Ассотсиатсияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» аз ҳукуматдорони Испания даъват мекунад, ки уҳдадориҳои Конвенсияи аз ҷониби ӯ эътирофшудаи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (Конвенсияи зидди шиканҷа) ва маҳз моддаи 3-и онро, ки истирдоди шахсон ба кишварҳое, ки дар он ҷо ба онҳо шиканҷа ва кирдори бераҳмона таҳдид мекунад, манъ кардааст ва ҳамчунин Конвенсияи СММ дар бораи мақоми гурезагон ва Аҳдномаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро риоя намояд.
Изҳороти мазкур ба Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон ва Гузоришгари махсуси СММ оид ба масъалаҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ирсол шудааст.
Дар идомаи изҳороти Ассотсиатсия қайд мешавад, ки Шарофиддин Гадоев 19-уми майи соли 1985 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омада, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Дар бахши ҳуқуқи байнулмилалӣ соҳиби маълумоти олӣ аст. Оиладор ва духтарчаи хурдсол дорад. Узви созмони мухолифи ғайрирасмии сиёсии «Гурӯҳи 24» аст.
Қаблан ба ҳайси директори генералии ширкати «Голд Тур Транс» (Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолият дошт. Узви созмони мухолифи ғайрирасмии «Гурӯҳи 24» Шарофиддин Гадоев дар ҷомеа ҳамчун интиқодгари сохти сиёсии Тоҷикистон маъруф аст. Ӯ чандин маротиба далелҳои аз мансаб суистифода кардани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои оилаи ӯро ифшо карда буд.
Бо таҳдиди ҷазо ба ӯ ва наздиконаш Гадоевро маҷбур сохтанд, ки корхонаи даромадоварро ба ихтиёри аъзои оилаи президент Раҳмон супорад. Бар асари ин мухолифтат Гадоев ба Русия рафт.
Гурӯҳи соҳибкорони тоҷик таҳти раҳбарии Умаралӣ Қувватов, аз ҷумла Шарофиддин Гадоев дар Русия созмони сиёсии «Гурӯҳи 24»-ро таъсис доданд. Бо назардошти уҳдадориҳои Тоҷикистон дар бахши ҳимояи ҳуқуқи инсон, Гадоев ба ҷомеа дар бораи механизмҳои мубориза бо коррупсия, ки дар зинаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон ҷой дошт, маълумот пешниҳод мекард.
Посух ба ин гуна фаъолияти Шарофиддин Гадоев хеле зуд сурат гирифт. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ӯро гӯё барои содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ мавриди пайгарди қонунӣ эълон намуданд. Зимни таҳлили ҳуҷҷатҳо мухолифатҳои воқеъӣ ва номутобиқатии мантиқи ҳуқуқии маъмул барои айбномаҳои сохтаи ҷиноӣ дарёфт шуданд.



