Баста шудани боз як роҳи интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” дар натиҷаи гузаронидани амалиёти бисёрмарҳила гурӯҳи қочоқбарро безарар гардониданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Ашентӣ, кормандони Агентӣ муддати дароз гурӯҳи қочоқбарро коркард намуданд, ки маводи нашъаоварро аз давлати ҳамсоя ба қаламрави кишвари мо интиқол медод. Рӯзҳои наздик маълум гардид, ки маводи […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” дар натиҷаи гузаронидани амалиёти бисёрмарҳила гурӯҳи қочоқбарро безарар гардониданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Ашентӣ, кормандони Агентӣ муддати дароз гурӯҳи қочоқбарро коркард намуданд, ки маводи нашъаоварро аз давлати ҳамсоя ба қаламрави кишвари мо интиқол медод. Рӯзҳои наздик маълум гардид, ки маводи нашъаовар ба шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.

Санаи 10 июл ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, сокини 44-солаи ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, дастгир гардид. Ҳангоми боздошт аз ӯ халтаи селофанӣ ёфт ва мусодира гардид, ки дар дохилаш афюн бо вазни 2 кг мавҷуд буд.

Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда боз як ҳаммаслаки ӯ – сокини 39-солаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон боздошт гардид.

Маводи нашъаоварро онҳо аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо мақсади интиқол додан аз қаламрави Тоҷикистон харидорӣ намуданд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ парвандаи ҷиноӣ аз рӯи м. 200 қ. 3 (“Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо мақсади фурӯш”) оғоз гардидааст. Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

Дар натиҷаи коркарди амалиёт боз як роҳи интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва баъдан ба кишварҳои ИДМ баста шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.