Машварати Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони бахши энергетика

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони соҳаи энергетика ва олимону коршиносон доир ба омодасозии шабакаҳои энергетикӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 машварати корӣ доир намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмиру тармим ва нигоҳубини дурусту саривақтии воситаҳои техникии шабакаҳои барқӣ, захираи фаровони маводи сухт, аз ҷумла мазут, ангишт […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони соҳаи энергетика ва олимону коршиносон доир ба омодасозии шабакаҳои энергетикӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 машварати корӣ доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмиру тармим ва нигоҳубини дурусту саривақтии воситаҳои техникии шабакаҳои барқӣ, захираи фаровони маводи сухт, аз ҷумла мазут, ангишт ва гази моеъ зоҳир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, баррасии рафти иҷрои стратегияи таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, истифодаи технолигияҳои каммасрафи барқӣ ва роҳҳои паст кардани талафоти технолигии нерӯи барқ низ аз мавзӯъҳои асосии машварат буд.

Гуфта мешавад сСарвари давлат дар назди масъулин доир ба ҷоннок намудани корҳо ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.