Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Суди олии Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Дар Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарӣ баргузор мешавад;

– Дар Агентии заминсозӣ, геодезия ва харитасозии назди ҳукумати ҶТ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 15-00.



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9425

сомонӣ;


1

евро –

6.7706

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1447

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


2000

– Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор шуд.


2007

— Дар Китобхонаи миллии ҶТ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маркази тоҷикшиносӣ ифтитоҳ гардид.


1896

– Зодрӯзи арбоби намоёни ҳизбиву давлатии ҶШС Тоҷикистон, муборизи фаъоли барқарорсозии ҳокимияти шӯравӣ дар Осиёи Миёна Абдулло Раҳимбоев.


1916

– Мавлуди Рассоми халқии Тоҷикистон Ашӯр Ҳайдаров.


1947

– Зодрӯзи доктори улуми математика Икром Қурбонов.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +27+32;  дар шарқи вилоят шабона +1+6, рӯзона +14+19.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.  

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.  

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.

spot_imgspot_img

Популярное