ҲНИТ амалҳои Исроил дар навори Ғаззаро маҳкум мекунад

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷинояти зиддибашарии режими ишғолгари Исроил дар навори Ғаззаро маҳкум мекунад. Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки чанд рӯзи ахир ин режими ишғолгар ва таҷовузкор бо зери по гузоштани тамоми қонунҳои байналмилалӣ мардуми бедифоъи Фаластинро дар навори Ғазза аз замину осмон оташборон мекунад. «Ҳизби наҳзати […]

ASIA-Plus


Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷинояти зиддибашарии режими ишғолгари Исроил дар навори Ғаззаро маҳкум мекунад.

Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки чанд рӯзи ахир ин режими ишғолгар ва таҷовузкор бо зери по гузоштани тамоми қонунҳои байналмилалӣ мардуми бедифоъи Фаластинро дар навори Ғазза аз замину осмон оташборон мекунад. «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин амалҳоро қотеъона маҳкум намуда, ҳимояти худро аз мардуми мазлуми Фаластин эълон менамояд», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои бонуфуз талаб менамояд, ки ҷиноёти режими таҷовузкори Исроилро маҳкум намуда, ҳуқуқи мардуми Фаластинро барои зиндагӣ дар сарзамин ва кишвари худ таъмин намоянд.

Аллакай муддати зиёда аз панҷ рӯз аст, ки нерӯҳои низомии Исроил ҳуҷуми худ ба мавқеъи ҷангиёни Фаластин дар навори Ғаззаро идома медиҳад. Бино ба маълумоти табибони фаластинӣ, шумори ҳалокшудагон аз ҷониби Фаластин бар асари ин даргирӣ ҳадди ақал ба 121 нафар расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.