Дар Қазон ТҒД-и Кӯлоб стратегияи танзими раванди муҳоҷирати меҳнатиро таҳия месозанд

Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Қазон (Тотористон) конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Нақш ва мақоми ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) дар танзими равандҳои хориҷии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» ба анҷом мерасад. Директори Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд»-и шаҳри Кӯлоб Додарбек Сайдалиев тавассути телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки конфронс […]

Турко Дикаев



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Қазон (Тотористон) конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Нақш ва мақоми ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) дар танзими равандҳои хориҷии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» ба анҷом мерасад.






Директори Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд»-и шаҳри Кӯлоб Додарбек Сайдалиев тавассути телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки конфронс аз ҷониби Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ), ҳукумати Тотористон ва Фонди кӯмаки иҷтимоиву ҳуқуқӣ ба созмонҳои миллии фарҳангӣ ва муҳоҷирони «Мусоидат»-и Ҷумҳурии Тотористон созмон дода шудааст.





Ба қавли ӯ, дар конфронс намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки бевосита бо муҳоҷирони меҳнатӣ сарукор доранд, иштирок мекунанд.





Мавсуф мегӯяд, ки ташкилотҳои ғайридавлатӣ хоҳ нохоҳ бо масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ солҳои зиёде бевосита машғуланд, аммо миёни созмонҳои ғайриҳукуматии ин кишварҳо ягон ҳамоҳангии кору фаъолият ҳис намешуд.





«Бар асоси гузоришоту пешниҳодот дар конфронс стратегияи умумии ҳамкории мутақобилаи ТҒД бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додситонӣ оид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ таҳия мегардад», гуфт ӯ ва афзуд, ки ҳамчунин масъалаҳои ташкил кардани механизми пурсамари танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламрави минтақаҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, рушди шаклҳо ва тарзҳои ҳамкории касбии ТҒД бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, нақши диаспораҳо дар он ва ҳамгиройии муҳоҷирони меҳнатӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.