Шаби 21 ба 22-юми июл қисмати фурӯши яклухти бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб, мутааллиқ ба соҳибкор Шомад Одинаев пурра ба коми оташ рафт.
Фарзияи пешакии сар задани сӯхтор дар бозор расиши ноқили барқ дар яке аз фурӯшгоҳҳо унвон мешавад. Зикр мегардад, ки сӯхтор майдони ҳудуди 300 метри мураббаъро фаро гирифта, ба туфайли амалҳои пурсамар ва саривақтии дастаҳои оташнишонии ҳозиршуда аз ноҳияҳои Кӯлобу Фархор ва Восеъ, гузаштани алангаҳои сӯхтор боз ба 4 майдони бозорҳои хусусӣ пешгирӣ шудааст. Ба қисмате аз бозори марказии «Саховат», ки бевосита ба ин бозор ҳамроҳ мешавад, низ зарар расидааст.
Комиссия ҷиҳати муайян кардани ҳаҷми зарар ба кор оғоз намуд. Ҳаҷми зиёни расида якчанд миллион сомонӣ пешбинӣ мешавад. Айни замон ҷамъоварӣ ва аз қаламрави бозор берун бурдани партовҳо аз сӯхтор идома дорад, зеро хавфи пайдо шудани бемориҳои сироятӣ аз он мавҷуд аст.



