Тамокукашони ашаддии Кӯлоб 11 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 514 далели истеъмоли тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудааст. Муовини сардори Раёсати ВКД вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб полковники милиса Абдулваҳҳоб Искандаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои ин одати бадашон тамокукашон ба маблғи умумии 11 […]

Турко Дикаев



Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 514 далели истеъмоли тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудааст.

Муовини сардори Раёсати ВКД вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб полковники милиса Абдулваҳҳоб Искандаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои ин одати бадашон тамокукашон ба маблғи умумии 11 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави минтақа 53627 ҳолатҳои қонуншикании маъмурӣ ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии ҷарима аз онҳо 1 млн. 219 ҳазор сомониро ташкил додааст.

«Дар ин давра дар минтақа 37095 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва 5910 далели риоя нашудани реҷаи шиносномавӣ сабт шуда, гунаҳкорон мутаносибан ба маблағи умумии 483 ҳазору 250 сомонӣ ва 239 ҳазору 160 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар 6 моҳи соли 2014 дар минтақа 749 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, сатҳи ошкоршавӣ 92,1%-ро ташкил додааст. «Дар ин давра аз аҳолӣ 14 адад автомати Калашников ва 20 адад таппончаи Макаров дарёфт ва мусодира гардид», – афзуд номбурда. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.