Суди олӣ қарори мусодираи бозори оилаи Кабириро бетағйир боқӣ гузошт



Суди олии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ оид ба мусодираи бозори оилаи Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Турсунзодаро баррасӣ намуда, онро бетағйир боқӣ гузошт.

Пас аз ҷаласаи суд Бузургмеҳр Ёров, адвокати М.Кабирӣ ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки суд шикояти кассатсиониро барои ангезаи сиёсӣ доштани ин қазия бетағйир гузошт.

«Дар парванда мактуби КДАМ Тоҷикистон мавҷуд аст, ки дар он ба мақомот супориш дода мешавад, ки дар маҳалҳо фаъолияти тамоми ташкилотҳои марбут ба М.Кабирӣ ва хешовандону наздикони ӯро мавриди санҷиш қарор диҳанд. Дар рӯйхат аввал худи Муҳиддини Кабирӣ ва сипас наздикони ӯ – ҳамсараш ва дигарон зикр шудаанд», – иброз дошт адвокат.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи судӣ ба намояндаи Агентии зиддифасод оид ба розӣ нашудан ба пешниҳоди Кабирӣ дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони бозори нави муосир ва минбаъд кӯчонидани мағозаву соҳибкорон ба ин бозор баъди аз ҷониби моликон ва соҳибкорон бунёд шудани варзишгоҳ дар ҷойи пешина, бунёди варзишгоҳи нав дар ҷойи дигар аз ҳисоби моликон ва соҳибкорони бозор ё пардохти маблағи иҷораи варзишгоҳ аз ҷониби моликони бозор барои машқи варзишгарони Кумитаи варзиши шаҳри Турсунзода зимни пайдо шудани зарурат ба ин, савол дода шуд.

«Аммо намояндагони Агентии зиддифасод хомӯш буданд ва қарори мазкури суд бори дигар собит намуд, ки ин парванда ангезаи сиёсӣ дорад», – мутмаинона гуфт Ёров.

Адвокат ҳамчунин зикр кард, ки ҷониби ҳимоя ният дорад, ки ба зинаи судии назоратӣ ва созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ бо дархости баҳои ҳуқуқӣ додан ба қарори суд муроҷиат хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки санаи 21-ум апрели соли равон суди шаҳри Турсунзода даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро қонеъ сохта, дар бораи

мусодираи бозори «Саховат»

-и шаҳри Турсунзода,мутааллиқ ба оилаи Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳалнома содир намуд.

Бо қарори суд, иншооте, ки дар он бозори «Саховат» дар шаҳри Турсунзода воқеъ аст, ба Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ баргардонида мешавад. Суд тамоми дархостҳои ҷавобгарон ва нотариусро рад намуда, ҳамчунин ҷавобгарро ба пардохти 836 ҳазор сомонӣ ба нафъи давлат уҳдадор намуд. Ҳамчунин бо қарори суд давлат ба соҳибмулкони бозор ҳеҷ маблағе пардохт намекунад.

Қаблан  Агентии зиддифасод  аз суд талаб кард, ки ин иншооти варзишӣ, ки замоне тахриб гардидаву ба ивазаш бозор сохтаанд ба давлат баргардонида шавад. Агентӣ аз суд тақозо намуда буд, ки бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки муталлиқ ба оилаи Кабирӣ ва хешони ӯ аст, ғайриқонунӣ ва бо нақзи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда хусусӣ гардонида шудааст ва бояд ба ихтиёри давлат баргардонида шавад.

spot_imgspot_img

Популярное